Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади дар чорабиниҳои ҳизбӣ сафарбар намудани ихтиёриён (волонтёрон) Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо назардошти вазъи кунунӣ ва бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳиро бо усули «хона ба хона» ҳаматарафа ба роҳ монда истодааст.
Тибқи нақша дар деҳаи Ҳамро Олимови Ҷамоати деҳоти «Истиқлол» бо иштироки волонтёрон Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Ба саломатии худ диққати авалиндараҷа медиҳем» баргузор намуда, роҳи даромади деҳа ва кӯчаю хонаҳои сокинонро бо маҳлули хлор безарар гародониданд.