Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати пешгирии хатари бемории коронавирус гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав тибқи нақша-чорабиниҳои таҳиянамуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омилҳои пешгирикунандаи бемориро тибқи ахбори расмии сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар байни мардум ва кормандони ташкилоту муассисаҳо ҳаматарафа ба роҳ монда истодааст.
Ҷиҳати ба сокинони деҳаи Ҳамро Олимов фаҳмондани роҳҳои пешгирии бемории коронавирус гурӯҳи корӣ бо усули «хона ба хона», самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ вохӯрию сӯҳбатҳо баргузор намуда, таъкид намуданд, ки қоидаҳои беҳдоштро дар хонадонашон нигоҳ доранд ва барои иҷрои варақаҳои тавсия ва таъкидии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро тақсим намуданд. Ёдовар намуданд, ки бештар ба гигиенаи шахсӣ риоя намуда, моҳияти худдорӣ кардан аз иштирок дар чойҳои серодам ва ҳар гуна ҷамъшавиҳо безаруратро фаҳмонданд. Аз ҳар як нафар тақозо намуданд, ки ба риояи қоидаҳои ҳолатҳои санитариву беҳдоштии фардӣ ва ба муҳити атроф, хонаю куҷаҳояшон пайваста диққат диҳанд, танҳо бо риояи қатъии беҳдошти фардӣ аз коронавирус раҳоӣ ёфтан мумкин аст.
Ба саломатии худу пайвандон бомасъулият бошанд. Зеро сарчашмаи ҳамаи бемориҳои сироятӣ риоя накардани қоидаҳои беҳдошти фардӣ мебошад. Ба сокинони деҳа ба миқдори 90 адад ниқобҳои муҳофизатӣ барои пешгирии бемории коронавирус ва 160 варақа тақсим карда дода шуд.
Ҳамчунин, истифодаи дурусту оқилонаи ҳар як ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ, кишт ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин, бо аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати бекор намондани заминҳои дар ихтиёрашон бударо вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир ҳаматарафа фаҳмонданд. Ба сокинони деҳа барои безараргардонӣ ба миқдори 5 кг гипохлориди калсий ва 140 адад варақаҳои иттилоотӣ оиди истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ тақдим карда шуд.