МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ҳамкории КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод аз тарафи аъзои фаъоли ҳизб вакили Маҷлиси вакилони халқӣ ноҳия Холов Зоҳидҷон ба кормандони Маркази саломатии деҳаи Садбаргоҳи ҷамоати деҳоти Н.Назаров оид ба пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус ба миқдори 1-дона либоси муҳофизатӣ, 140-дона ниқоб ва маводҳои антисептикӣ кӯмак карда шуд.
Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Ҳайдарзода Рамазон, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия Алишери Амрохон ва вакили Маҷлиси вакилони халқии ноҳия Холов Зоҳидҷон суханронӣ намуданд.
Баргузории чунин чорабиниҳо дар деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия тибқи ҷадвал идома доранд.