БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАНҲО МЕҲНАТИ САДОҚАТМАНДОНА КАСРО БА МАРТАБАҲОИ БАЛАНД МЕРАСОНАД!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати корҳои созандагӣ, тозагию ободонӣ, вусъатбахшии раванди корҳои кишоварзӣ дар махал, пешгирӣ аз пайдоиш ва густариши бемориҳои сироятӣ кормандони Кумитаи ичроияи ХХДТ дар шахри Левакант дар деҳаи Эшонободи чамоати дехоти «Гулистон» бо усули “хона ба хона” бо истиқоматкунандагон вохӯрӣ доир намуда, ҳамзамон аз заминҳои наздиҳавлигии сокинон дидан намуданд.

Боиси қайд аст, ки Отамурод Қурбонов аз деҳқонони пуртаҷрибаест, ки солҳои сол баҳри пешрафти иқтисодиёти мамлакат ва ғанӣ гардонидани дастурхони аҳолӣ садоқатмандона заҳмат кашидааст. Ҳамчун собиқадори махсуси ҷумҳуриявӣ эътироф шудани ӯ нишонаи арзи эҳтиром ба меҳнати софдилонаи чандинсолаи ӯст.

Бо вуҷуди синни беш аз ҳафтодсола доштан, ҳанӯз ҳам аз меҳнат дар замин даст кашиданӣ нест. Замини наздиҳавлигияш мунтазам коркард мешавад ва аз он маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ба даст меояд. 5 гармхонаи бунёднамудаи ӯ ҳамеша мавриди истифодабарии доимии аҳли оилаи бобои Отамурод қарор доранд. Аз маҳсулоти аз ин гармхонаҳо бадастомада ба бозору мағозаҳои шаҳри Левакант ворид карда мешавад.

Бобои Отамурод бо хушнудӣ аз таваҷҷӯҳи кормандони Кумитаи ичроияи ХХДТ дар шахр ва ёдоварӣ аз рӯзгори гузаштаи хеш бо аёдаткунандагон сӯҳбати гарму самимӣ доир намуд ва таъкид дошт, ки танҳо меҳнати садоқатмандона ба ватану миллат касро ба мартабаҳои баланд мерасонад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg