
ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов ноҳияи Қубодиён чорабинии ҳизбӣ бо усули “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар ин росто ба аҳолӣ варақаҳои иттилоотӣ оид ба бемории сироятии коронавирус ва ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим гардида, роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳию безараргардонӣ ба хотири пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ мебошад, барои ҳифзи солимии худ ва ҷомеа аз қоидаҳои беҳдоштӣ самаранок истифода намоянд.
Ҳамзамон, дар ин раванд, аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки ба хотири таъмини зиндагии шоиста аз заминҳои наздиҳавлигии худ ва хоҷагиҳои ёрирасон ҳосилҳои дилхоҳ ба даст оварда, оилаи худро аз маводи озуқаворӣ таъмин созанд.