ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятёбии коронавирус ва ҷиҳати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, имрӯз дар деҳаи Нурофари ҷамоати деҳоти Сангтуда бо мақсади корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни истиқоматкунандагони деҳа бо усули “Хона ба хона” мулоқот доир намуд.
Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Каримзода П. А. оиди пешгирӣ ва мубтало нашудан ба ин беморӣ суҳбат намуда, кайд намуд, ки имрӯз ин вабо тамоми ҷаҳонро фаро гирифта, мутахассисону олимони соҳаи тандурустӣ аз паи ҳалли ин мушкилианд, аз ин хотир “аз ҳамаи шумоён даъват ба амал меорем, ки қоидаҳои гигиенаи шахсиро риоя намуда аз ҷойҳои серодам худро канора гиред, бе зарурат ба берун набароед, аз ниқобу маводҳои антисептикӣ истифода намоед то худ ва наздиконатонро мубтало ба ин беморӣ нагардонед”.