
ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади баргузории корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондани чораҳои пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID–19 кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, дар ҷамоати деҳоти Оқсу, деҳаи Баҳор бо усули “Хона ба хона” ҷиҳати риояи қоидаҳои санитарӣ ва гигиенаи шахсӣ вохӯрӣ доир намуданд.