
ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Имрӯз Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, дар ҷамоати деҳоти Себистон, деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхӣ оиди пешгирӣ намудан аз хатароти COVID – 19 бо усули “Хона ба хона” ҷиҳати риояи қоидаҳои санитарӣ ва тавсияҳое, ки тариқи варақаҳои иттилоотӣ ба онҳо пешкаш гардида шуд, миёни мардум корҳои таблиғотӣ гузарониданд.
Масъулин ёдовар шуд, ки аз пайдо шудани ин вируси нав дар кишвар ба таҳлука наафтанд ва дар ҳолати оромии рӯҳӣ бошанд, то ин ки аз эҳтиёт кор бигирандм, якдигарро аз хатари ин вабо ва роҳҳои пешгирӣ аз сироят ба он огоҳ намоянд.