БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР АНДЕШАИ САЛОМАТИИ ХУД ВА ДИГАРОН БОШЕД!

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ҷамоати деҳоти Оқсу, деҳаи Сафобахш бо усули “ Хона ба хона” миёни аҳолии деҳа корҳои оммафаҳмонӣ доир намуданд.

Дар вохӯрӣ масъулон аз пайдо шудани ин вируси нави коронавирус ва самаранок истифодабарии заминҳои корам суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки дар вақти вохӯрӣ бо наздикон ва масъулин фосилаи 1 ё 2 метр нигоҳ дошта шуда, саломи дастиро мувақатан манъ кунанд. Дар ҷойҳои ҷаъмиятӣ,  серодам аз ниқоб истифода баранд, дастонашонро мунтазам бо собун шӯянд.

Дар охири сӯҳбат масъулин бо аҳолии деҳа оиди истифодаи замин таъкид дошт, ки баъди дарави ғалладонагиҳо ба кишти такрорӣ машғул шуда, зиндагии худ ва бозори дохиларо аз маҳсулотҳои хонагӣ таъмин намоянд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg