ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Шобикаи ҷамоати деҳоти Тугарак бо усули "хона ба хона" чорабинии таблиғотии ҳизбиро роҳандозӣ намуданд.
Масъулон зимни корҳои фахмондадиҳӣ шаҳрвандонро вобаста ба пешгирии ин вабои аср ҳушдор доданд ва ба онҳо варақаҳои таблиғотӣ дастрас карда шуд, ба ҳар як нафар таъкид карда шуд, ки бе зарурият аз хона берун набаромада наздикони худро аз бемории нав эмин нигоҳ доранд.