ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии “Ҷамъияти матлубот” оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус гардиш доир намуданд.
Зимни баргузории ин мулоқотҳо ба ҳар як нафар роҳҳои гузариши бемории коронавируси навъи COVID-19, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ таъкид карда шуд. Инчунин, сокинонро ба он даъват намуданд, ки ба овозаҳои бардурӯғ дода нашаванд ва бе зарурият ба ҷойҳои ҷамъиятӣ нараванд. Ба ҳамаи нафароне, ки ҳамсуҳбат шуданд, варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.