ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Имрӯзҳо дар асоси дастуру супориш ва ҳидоятҳои раиятпарваронаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯзҳои басо мушкил, ки кишвари азизамонро бемории сироятии коронавирус (COVID-19) таҳдид мекунад, бо ташаббуси Кумитаи ЊХДТ дар ноҳияи Вахш корњои таблиѓотиву ташвиќотӣ дар миёни сокинони ҷамоатњои шаҳраку деҳоти ноњия бо усули «хона ба хона» бо маром идома доранд. Инчунин, дар њар як суњбату вохӯрињо ба сокинони ноњия маслињат дода мешавад, ки рӯҳафтода нашуда, ба кору зиндагии осоишта ва меҳнати соф машғул шуда, бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ ва истеҳсоли меваю сабзавоти хушсифат қитъаҳои замини кишоварзиро самаранок истифода баранд.
Њамзамон, имрӯз масъулини Кумитаи иљроия ба МСД-и Наврӯз, ки дар ташкилоти ибтидоии њизбии Якатут љойгир мебошад, дидан намуда, ба онњо маслињатњои муфид доданд, баъди сўњбат љињати кӯмак ба онњо аз тарафи Кумитаи иљроия 100-адад вараќаи иттилоотӣ, 200-адад ниќоби муњофизатї ва 100-адад маводи антисептикӣ таќдим карда шуд.