БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМАЛИ ДАСТАҶАМЪИИ ҲИЗБИЁН БАҲРИ МУҚОВИМАТ БО БЕМОРИИ СИРОЯТИИ COVID-19

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва баҳри муқовимату пешгирии бемории сироятии коронавирус дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳиявӣ оид ба маҳалли зист бо иштироки фаъолон, табибон, омӯзгорон ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии кӯчаю маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки “Абдураҳмони Ҷомӣ”-и ноҳия корҳои таблиғотию ташвиқотиро ба роҳ монданд.

Намояндагон бо аҳли ҷамоатчигӣ оид ба масъалаҳои риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштӣ, тозагию безарраргардонии манзили зист ва кӯчаю маҳаллаҳо, бе зарурат худдорӣ намудан аз ташкили ҳар гуна ҷамъомаду чорабиниҳо ва гаштугузори кӯчаю бозор, ҳангоми баромадан аз хона истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, дар давоми рӯз истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ ва тез-тез шустани дастон бо собун ва дигар омилҳои пешгирикунандаи бемории сироятии COVID-19 ибрози ақида намуданд.

Дар ин замина намояндагон ба ҳозирин таъкид бар он доштанд, ки табиби ҳар як шахс худаш мебошад, бинобар ин, мо бояд нисбати саломатии худ ва наздиконамон масъулияти бештар эҳсос намуда, ба воҳимаю таҳлука дода нашавем, дастаҷамъона бо ақлу заковат ва маърифати баланди миллиамон алайҳи пандемияи COVID-19 муқовимат намоем. Аз ташвиши зиёд худдорӣ намуда, мо метавонем мунтазам бо риояи гигиенаи шахсӣ ва дигар омилҳои пешгирикунандаи бемориҳои сироятӣ ҳолати шиддатёбии коронавирусро паст намоем.

Дар вохӯриҳои мазкур масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо аҳли ҷамоатчигӣ атрофи масъалаҳои истифодаи самараноки заминҳо, кишти заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо, таъмини амнияти озуқаворӣ, захираи маводи ғизоии ватанӣ ва захираи хошоки чорво, аз таъмир баровардани муассисаҳои соҳаи маориф ва омодагиҳо барои зимистон сӯҳбатҳо гузаронида, тавсияҳои муфид манзур намуданд.

Дар баробари ин, аз ҷониби мутасаддиён ба ҳозирин варақаҳои иттилоотӣ барои пешгирӣ ва муқовимат бо пандемияи COVID-19 дастрас карда шуд.                   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg