БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФИ НАҲЗАТИҲО – ЯК ТАФРИҚААНДОЗИЮ ИҒВОГАРӢ, ИСТИФОДА АЗ КОРОНАВИРУС БАР ЗИДДИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

ВОКУНИШ.  Бояд пеш аз  ҳама қайд  намуд, ки бо истифода аз рӯйдодҳои  дунёӣ, асосан паҳншавии коронавирус, вақтҳои охир гурӯҳҳое пайдо  шудаанд, ки талош меварзанд суйистифода аз ин таҳавуллотҳо бо роҳҳои ҳурофотпарастӣ, ифротгароиву экстремистӣ пеши роҳи рушди кишварамонро гиранд. 

Ин аст, ки тариқи сомонаву шабакаҳои интернетӣ бо муроҷиатҳои ҳангоматалаби ҳидоят то ба хунрезӣ мардумро, алалхусус, муҳоҷиронро даъват менамоянд, ки зидди миллату Ватани азизи хеш бархезанд.

Асосан, чунин барномаҳои иғвоангезонаро наҳзатиҳои хурофотӣ, таҳти роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ роҳандозӣ намуда, дар ҳамин вақтҳои охир, ки  хуруҷу паҳншавии коронавирус тезу тунд гардидаву қариб ки тамоми оламро фаро гирифтаву бо вуҷуди  ба қайд гирифташавиаш дар кишварамон аз ҷонибу давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони соҳаи тандурустии кишвар корҳои зиёде ҷиҳати пешгирию мубориза бар зидди ин вабо амалӣ гардидааст, аз ҷониби ин хоинони миллат бошад, ба ҷои раҳм бар миллати хеш намудан, бо пахши хабарҳои бардурӯғ ва иғвоангезӣ миёни ҳаммиллатонамон талош карда истодаанд.

Ин худ исботест, ки барои ин гурӯҳҳои манфиатхоҳ, манфиати Ватану миллат ё тақдири инсонҳо ягон зарра аҳамияте надорад, ки мабодо дар натиҷаи амалии ҳадафҳои разилонаашон ҳазорон нафар фавтанд ҳам онҳо парвое ҳам надоранд.   

Маҳз барои Кабирию дигар аъзои Паймони миллии таъсисдодаашон фанат манфиати худашон зарур ҳасту иҷрои дастури хоҷагони сарпарасташон.

Худ дидаву хондаву шунида қазоват намоед, ки Роҳбари давлат ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешгирии ин вабо кадом ташаббусу иқдомеро роҳандозӣ накунад, ин хоинони миллату Ватан он ташаббусу иқдомро нодида  гирифта, дар атрофи он суханҳои пучу ҳасудона  ва  муғризона бофта, бо паҳн  кардани ҳар гуна хабарҳои беасосу бепоя бо нашри ҳаргуна матлабҳои иғвогарона кӯшиш менамоянд, ки бо роҳандозии ин барномаҳо миёни аҳли ҷомеаамон, алалхусус, муҳоҷирони меҳнатии тоҷик  дар хориҷи кишвар нобоварию ихтилофотро барангезанд. Президенту Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро туҳмату ҷомеаи амну ороми кишварро ноором созанд.

Ба ҳамин хотир, ҳамчун як вакили мардумӣ аз ҳамватанони азизу сарбаланди кишвар, новобаста аз мансубияти маҳаллу миллатамон даъват ба амал меорам, ки ба хабару овозаҳои беасосу дурӯғини хоинони миллату давлат дода нашуда, бараъкс, барои ҳифзи саломатии худу аҳли оила ба ҳама  қоидаҳои гигиенӣ риоя намудаву барои зиндагии осоишта доштанамон танҳо  паи меҳнати ҳалол бошему бо шиори «нимта нон – роҳати ҷон» бо пайвандон оромона зиндагӣ кунем. Ҳама мушкилоти давру замон мегузарад, зеро овардаанд, ки «Бар сари фарзанди одам ҳар чӣ ояд бигзарад».

Ҳамаи хурсандиҳою шодкомиҳои миллату давлати мо - тоҷикистониён  дар пеш аст, бо умед бошем, банда бо умеду шайтон (наҳзатиҳо) ноумед.

Сафармаҳмад Раҳимзода – аъзои гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар  Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg