БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҲЗАТИҲО АЗ КОРОНАВИРУС БАДТАРУ ХАТАРНОКТАРАНД!!!

ВОКУНИШ.  Воқеан  ҳам  таърих  гувоҳ  аст, ки ниёгони мо тӯли асрҳо  фақат дар роҳи омӯзиши илму алайҳи нафси амфора ҷиҳод намудаву дини муқаддаси  мубини  Исломро  азамату  ҷалол  бахшидаву  онро  ҳамчун  дини  сулҳу субот, инсонсозу таҳаммулгаро ба оламиён ошно намудаанд.

Муттаассифона, баъзе кӯрдилон, ба мисли Муҳиддин Кабирӣ ва пайравони ӯ то ҷое бефаҳму тиҳимағз будаанд, ки истифода аз дастгириҳои  моддию молиявии хоҷаҳои хориҷиашон аз минбарҳои баланди СММ, САҲА ва дигар шабакаю сомонаҳои интернетӣ дастовардҳои даврони  соҳибистиқлолии  Ватани хешро нодида гирифта, нисбати миллату давлати  Тоҷикистон даъвоҳои беасосу бепоя ва бӯҳтону ҳангомаҳо, танқидҳои  беадолатонаву таҳқиромезона мезананд.

Шахсан Муҳиддин Кабирӣ мавқеи Паймони ба ном "миллиашон"-ро  таърифу тавсиф карда, фаромӯш кардааст, ки маҳз бо шарофати ҳизби наҳзати мамнуашон ба сари миллати тоҷик фоҷиаҳои нангини бародаркуширо оварда буданд, ки имрӯз бо номи "Паймони миллӣ" садо баланд  кардаву  даҳҳо  ҷавонони  гумроҳро, ки солҳои  1992-1993  ҳанӯз ба дунё  омада  буданду аз талхии он ҷанги бемаънии бародаркуш огоҳ нестанд, бар зидди миллату меҳани хеш мешӯронанд, ки ин гуноҳи вазнину  нобахшиданист.

Маҳз имрӯз  муҳоҷирони  меҳнатӣ, алалхусус,  ҷавонон  бояд  бидонанд, ки Муҳиддини Кабирӣ ҳамчун роҳбари фирории ТЭТ ҲНИ шахсан ташкилкунанда ва маблаггузори табаддулоти давлатии моҳи сентябри соли  2015, ки  бо ҷалби собиқ муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдуҳалим Назарзода буданд, тирашон хок хӯрд.

Аз фаъолият ва ҳадафҳои пасипардагии Муҳиддин Кабирӣ ва  пайравонаш дар  ҳайати  Паймони  бо  ном  "миллӣ"-ашон бараъло маълум аст, ки  ваҳдати миллӣ, якпорчагию соҳибихтиёрӣ  ва амнияти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон мехоҳанд истифода аз вазъи ба вуқуъомадаи коронавирус  тавассути содир намудани амалҳои ифротгароёнаю экстремистӣ ва   террористӣ халалдор созанд  ва мақсади  асосии  ин  гурӯҳи хоинони миллату давлати Тоҷикистон ин сарнагун намудани сохти конститутсионии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, соҳибихтиёрӣ, тамомияти  арзӣ  ва  ба  пуррагӣ  халалдор намудани  амнияти  миллию давлатӣ мебошад. 

Шукри соҳибистиқлолӣ ва таърихи кишвар, ки сабақомӯз аст, мо мардуми оддӣ, роҳбарияти давлату Ҳукумат, ходимони дин ҳаводисҳои  шуму таънаборро ҷиддӣ омӯхтаву дар оянда вуҷуд  доштани  ин  гуна ҳизби   экстремистиву  террористӣ  ва  ифротгароро дар  ҳудуди Ватани азизи хеш-Тоҷикистони маҳбуб роҳ намедиҳем.

Набояд ҳаммиллатони мо ҳамчун шаҳрванди ватандӯст, бофарҳангу бовиҷдон ҳаёти худро ба ақидаҳои пучу бебунёди Муҳиддин Кабирии хоину  мазҳабфурӯшу пайравонашон пайваста, ба  диёри худ, Ватану Модари азизу ҷоноҷони худ хиёнат кунанд.

Саиди  Ёқубзод, аъзои гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg