ВОКУНИШ. Дар вазъияти басо њассос ва мураккаби пањншавии босуръати пандемияи коронавирус, ки сокинони сайёраро ба ташвиш овардааст, љомеаи шањрвандии моро низ ин падида бетараф нагузоштааст. Сокинони кишвар дастаљамъона бањри бењдошти солимии хешу наздиконашон ба дастуру тавсияњои мутахассисони тиб бо як љиддият амал намуда, кӯшиш ба харљ дода истодаанд, ки ин балои бузурги њамагиро пушти сар намуда, ба зиндагии муќаррарии осоишта баргарданд.
Аммо баъзе аз гурўњњои бадхоњу бадкеш ва душманони миллати тољик бо њиссиёти тољику тољикбадбинонаашон мехоњанд, ки дар ин вазъияти њассос боз болои сўхта намакоб андозанду њаёти осоиштаи моро ноором созанд.
Дар ин росто, тайи чанд рўзи охир мо тавассути расонањои дохиливу хориљї ва шабакањои иљтимої аз њодисањои нохуши баамаломада дар марзи давлатии Љумњурии Тољикистон бо Љумњурии Ќирѓизистон огоњ гашта, худро ноинљор њис намуда, чанде аз андешаву афкори хешро хостем, ки перомуни ин масъалаи муњим инљо ифшо намоем.
Тибќи иттилои ин манбаъ санаи 24 майи соли равон дар натиљаи муноќиша ва нофањмињо миёни ањолии наздимарзї ва истифода аз роњи зур сарњадбонони давлати њамсоя як марзбони тољикро аз яроќи оташфишон захмдор намуданд. Ба њамин монанд, чанд рўз пас, яъне 27 май аз љониби шањрванди давлати њамсоя тавассути яроќи оташфишон шањрванди кишвари мо Шукрона Шарофова захмдор гардида, дар беморхона бистарї гашт.
Чунин шакл гирифтани вазъият ва ќиёси таљрибаи таърихии давлатдории дуру наздики сайёра моро водор бар он месозад, ки сари ин мољаро љиддї муносибат намуда, њарчї зудтар бањри бартараф намудани он аз роњу воситањои бо роњњои осоишта ва муросо њалли ин ќазияро љўё бошему кӯшиш бар он намоем, ки мушкилоти марзї дар кӯтоњтарин мӯњлат ба манфиати тарафњо анљом пазирад. Зеро чунин ранг гирифтани нофањмињои наздимарзї байни шањрвандони ду кишвари бо њам дўст оќибати хуб надорад ва дар оянда пояњои дўстиву рафоќати шањрвандони ду кишвари њамљаворро зери суол хоњад бурд.
Тавре ки њамагон аз таърих огоњем, барои амалї намудани наќшаи ѓоратгарона ва зери тасарруф даровардани сарзамини њиндуён ангилисњо чї гуна усулњоеро рўи кор гирифта буданд. Аввал ин ки ба воситаи љосусон мавќеи љуѓрофї ва расму русуми мардуми тањљоиро омўхта, мусулмонони ин сарзаминро бо буддоиёнаш бо роњандозии амалиётњои ѓайриинсонї ба майдони њарбу зарб кашониданд. Дар маъбадњои буддоиён шабонгоњ говро, ки барои онњо тибќи ривоятњои диниашон муќаддас шуморида мешавад, кушта мепартофтанду дар масљиди мусалмонони ин сарзамин хукро, ки дар шариати ислом њаром њукм шудааст, мепартофтанд. Рўзона бошад, ба воситаи љосусон амали гунањгоронаи худро, ки шабонгоњ иљро мекарданд, ба тарафњои муќобил бор карда кину адовати онњоро боз дучанд менамуданд. Хуллас, мусулмонон бо буддоиён њарб мекарданду англисњо озодона аз боигарии сарзамини њиндуён беш аз 200 сол нафъ бурда, њукмронї карданд.
Аз воќеањои рўзњои охири дар сарњади ду давлати ба њам дўст рўйдода њамчун шањрванди комилњуќуќи љомеаи Тољикистон чунин хулосабарорї менамоем, ки дар ин мољаро дасти кадом гурўњњои манфиатљўй ва ё абарќудрате њаст, ки пешравию гулгулшукуфоии натанњо љумњурии мо балки давлатњои Осиёи Марказиро дидан намехоњад ва бо њамин роњу василањо монеи рушди минбаъдаи кишварњои ин минтаќа хоњанд гашт.
Бо њамин хотир, аз тамоми шањрвандони кишварњои Тољикистону Ќирѓизистон, алалхусус, сокинони мањалњои назди марзї хоњиш менамоем, ки сабру тањаммулро пеша намоянду аз кирдорњои якдигарбадбинї дурї љўянд, зеро дар сурати аланга гирифтани даргирињо дар сарњади мо дигар гурўњњои муѓриз манфиат хоњанд бурд, на тољику ќирѓиз!
Аз њамин лињоз, бо боварии комил метавон гуфт, ки роњандозии чунин корњои иѓвобарангезона на кори дасти тољику ќирѓиз аст, балки дар таги ин коса нимкосаи дигар истодааст.
Мо аз шањрвандони Љумњурии Тољикистон, ки дар минтаќањои наздисарњадї зиндагї ва кору фаъолият доранд, боварии комил дорем, ки сиёсати имрўзаи Њукумати кишварро њамаљониба дарк намуда, дар атрофи роњбари хирадманд, Раиси муаззами њизбу давлат муњтарам Эмомалї Рањмон ба сўи рӯзгори ояндаи босаодат гомњои устувор мегузоранд ва мо дар якљоягї намегузорем, ки нохалафу аљнабие њаёти осоиштаи моро халалдор созад.
Неъматов Абдуљаббор, сокини ноњияи Ш. Шоњин