ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Баҳри пешгирӣ аз паҳншавии вируси нав масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо усули «Хона ба хона» дар деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти “Панҷ” корҳои фаҳмондадиҳӣ-иттилоотиро ба роҳ монданд.
Дар чорабинии мазкур масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо сокинон атрофи масъалаи дар боло зикршуда суханронӣ намуда, қайд карданд, ки мунтазам дастони худро бо маҳлулҳои антисептикии спиртдор тамиз намоянд ё бо собун ва об шустушӯ намоянд. Ҳангоми сулфидан ё атса задан даҳону бинии худро бо рӯймолча пӯшонанд, баъди анҷоми ин амал фавран рӯймолчаро партоянд (ба қуттиҳои махсуси партов), дастонро бо собун шӯянд ва ҳангоми нафаскашӣ даҳон ва бинии худро бо ниқобҳои гигиенӣ пӯшонанд.
Дар охир бошад, бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус ба сокинон маводҳои таблиғотӣ аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроия тақсимот карда шуд.