БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ ГУЛЗОР

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзоёни гурӯҳи таблиғотии назди  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар деҳаи Гулзор бо роҳандозии Аксияи таблиғотии  “Хона ба хона”  бо сокинон оид ба сабабҳо ва роҳҳои пешгирии паҳншавии бемории коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, барои сироят наёфтан ба ин вируси хатарнок тавсияҳои муфид пешниҳод намуданд.

Дар мулоқот иброз гардид, ки барои пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ ҳар кас бояд аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода бурда, ҳамеша оби ҷӯшомада нӯшида, ба қоидаҳои беҳдоштӣ, махсусан, бо собун шустани дастон эътибори махсус диҳад. Ҳангоми дар худ мушоҳида намудани аломатҳои беморӣ зуд ба духтур муроҷиат карда, ба худмуолиҷакунӣ роҳ надиҳад.

Дар охир ба ҳамаи 103 нафар иштирокдорони сӯҳбатҳо варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg