ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Имрӯз бисёре аз ронандагони мошинҳои шахсӣ барои дарёфти маблағ ба кашонидани мусофирон машғуланд. Азбаски дар як ҷойи танг онҳо 4-5 нафар мусофирро савор мекунанд, зарур ва вазифадоранд, ки гигиенаи шахсии худ ва мусофиронеро, ки ба мошинашон савор мекунанд, риоя намоянд. Бояд мусофиронеро, ки бе ниқоби муҳофизатианд, ба мошинашон савор накунанд. Вале дар бисёр ҳолатҳо акси ин ҳолат ба мушоҳида мерасад. Ё ронанда ниқоб надорад ва ё аз чор мусофир як ё ду нафараш.
Кормандони Кумитаи иҷроия дар ноҳияи Ховалинг ба ронандагони мусофиркаши назди бозори колхозӣ дар алоҳидагӣ суҳбат намуда, ба онҳо фаҳмонданд, ки қоидаҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирусро қатъӣ риоя намоянд. Зеро як амали хатои онҳо метавонад боиси гирифтории одамон ба ин бемории хавфнок гардад.