ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба шаҳрвандоне, ки талаботҳои гигиенаи шахсиро ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавиии бемории сироятии коронавирус риоя накарда, ба кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ баромада, сайругашт менамоянд, сӯҳбат намуда, ин амали хато ва зарароварашонро ба онҳо фаҳмонданд.
Таъкид намуданд, ки ҷиддӣ нагирифтани ин беморие, ки дунёро ба таҳлука андохтааст, оқибатҳои нохуш ва ғамангезро ба бор меоварад. Бинобар ин, дар ҷойҳои серодам бе ниқоби муҳофизатӣ сайругашт кардан, ба одамон дастӣ ё оғӯш кашида, салом намудан қатъиян манъ буда, дар вақти бо дигарон суҳбат намудан масофаи 1,5–2 метрро нигоҳ доштан зарур аст. Аз ҳама беҳтару хубтар он аст, ки шахс бе зарурат ба кӯча ва ба ҷойҳои серодам набарояд. Яъне дар хона нишастан роҳи асосии сироят наёфтан ба ин беморист.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бисёриҳо хатогии худро фаҳмида, зуд онро ислоҳ менамоянд ва ба кормандони Кумитаи иҷроия барои чунин фаҳмондадиҳӣ изҳори ташаккур мекунанд.