БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР БОРАИ КОРОНАВИРУС МАЪЛУМОТИ ЗАРУРӢ ПАЙДО НАМУДАНД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Агар шахс ҳар гуна бемориро ҷиддӣ нагирад, он ба хубӣ анҷом намеёбад.  Дар риояи қоидаҳои беҳдоштӣ зидди паҳншавии бемории коронавирус ҳам ҳамин нуктаро гуфтан мумкин аст.

Аъзоёни гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҳангоми ба роҳ мондани Аксияи таблиғотии “Хона ба хона” дар деҳаи Шехмизон сари ҳамин масъала – ҷиддӣ гирифтани бемории коронавирус ва риояи талаботҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба он суҳбат намуданд.

Ҳангоми ворид шудан ба деҳа ба мушоҳида расид, ки на ҳама оқибатҳои фоҷиабори ин бемориро дарк намудаанд. Бинобар ин, ба бошандагони манзилҳо, соҳибхоназанҳо роҳҳои пешгирӣ, сироятёбӣ ва оқибатҳои фоҷиабори он фаҳмонида шуд. 

Аз суҳбати доирнамудаи аъзоёни гурӯҳ зиёда аз 86 нафар сокинони манзилҳо дар бораи бемории коронавирус маълумоти зарурӣ пайдо намуданд ва изҳор доштанд, ки минбаъд талаботҳои гигиенаи шахсиро риоя менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg