БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЯК РӮЗИ БАҲОР ПУР КУНАД АНБОР

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзоёни гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  аз ҳолати истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва дигар заминҳои дар ихтиёрдоштаи сокинони деҳаи Наврӯҳо дидан намуда, барои истифодаи самараноки он маслиҳатҳои муфид доданд. Таъкид намуданд, ки дар шароити бӯҳрони шадиди иқтисодӣ вобаста ба паҳншавии бемории сироятии коронавирус, ки он сабаби қатъ гардидани муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии байни кишварҳо гардидааст, истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замини наздиҳавлигӣ ва аз он рӯёнидани ду ва зиёда ҳосил ба манфиати оила буда, боиси баланд гардидани некӯаҳволии сокинон мегардад. Мебояд, ки мардум аз ҳар як рӯзи мусоид самаранок истифода намояд. Як рӯзи баҳор пур кунад анбор, - гуфтани мардум асоси воқеӣ дорад.

Дар ин рӯз аъзоёни гурӯҳ дар якҷоягӣ бо вакили деҳа заминҳои 75 нафар бошандагони манзилҳоро аз назар гузаронида, ба ҳамаи онҳое, ки зарурати истифодаи самараноки заминро дар шароити болорави нарху наво фаҳмида, ҳар ваҷаби онро самаранок истифода намудаанд, изҳори миннатдорӣ намуданд ва  амали неки онҳоро ба дигарон чун намуна мисол оварданд.

Ба заминистифодабарандагон фаҳмонданд, ки маҳсулотҳои истеҳсолнамудаи худро барои захираи тирамоҳу зимистони солҳои 2020–2021 захира намуда, ба талафёбии он роҳ надиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg