БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУШУНАТ ДАР ОИЛА БА ФОИДАИ КОРОНАВИРУС АСТ

АНДЕША. Барои сироят наёфтан ба бемории коронавирус табибон ва дигар мутахассисони вирусшинос дар хона нишастан, бе зарурат ба кӯча набаромаданро тавсия медиҳанд. Дар ҳақиқат, ин роҳи  асосиест, ки дигар давлатҳо, аз ҷумла, Чин, Италия, Англия, Америка ва дигар давлатҳо, яъне бо роҳи карантин пеши паҳншавии ин бемории хавфнокро гирифта, баъди ду–се моҳ мардумашон ба ҳаёт ва зиндагии мӯътадил баргаштанд.

Дар хона нишастан бо аҳли оила хоҳ нохоҳ хушунатро ба вуҷуд меорад. Аз ҳаёти ҳаррӯзаи мардумамон медонем, ки дар хона бо садои баланд бозӣ намудани кӯдакон ба асаби баъзеҳо мерасад. Ва ё дар ҳолати надоштани маблағ хариди ин ё он маҳсулотро талаб намудан ва дигар камбудиҳои дар оила ҷойдошта метавонад боиси ҷангу ҷанҷол ва нооромӣ дар оила гардад.

Мутахассисони равоншинос дар ин ҳолат тавсия медиҳанд, ки шахс бояд бо таҳаммул бошад. Боварӣ дошта бошад, ки коронавирус чун дигар бемориҳои вирусӣ муваққатист. Набояд аз душвориҳо рӯҳафтода гардад. Кас бояд дилпур бошад, ки рӯзҳои пурсаодат, зиндагии орому осуда ва серу пур дар пеш аст. Дар хотир бояд дошт, ки хушунат ва нооромӣ дар оила табобат ва аз байн бурдани ҳар гуна бемориро душвор мегардонад.

Дар хона нишастан маънои онро надорад, ки чор болиштро таги сар монда хоб бираванд. Дар хона будан маънои дур аз одамон буданро дорад. Кас дар чунин ҳолат метавонад бо аҳли оилаи худ дар заминҳои дар ихтиёрдоштааш кор кунад. Маҳсулот истеҳсол намояд, сатҳи зиндагии худро, кам ҳам бошад, боло бардорад. Дар лаҳзаҳои дамгирӣ бо фарзандон китоб хонад, телевизиор тамошо кунад. Агар ин тартиб риоя карда шавад, ба хушунат дар оила ҷой намемонад.

Мардуми мо, ки бо лаби нону оби хунук қаноат доранд, бо итминони комил гуфта метавонем, ки дар ин лаҳзаҳои барои мардуми сайёра душвор аз худ бурдборӣ ва таҳаммулпазирӣ зоҳир намуда, ин ваборо бо хислатҳои неки инсониашон паси сар менамоянд. Дар ин роҳ ба онҳо барор ва дар зиндагии ҳаррӯзаашон тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоем.

Насиба Ҳотамова, мутахассиси шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg