ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо табибони бунгоҳи тиббии деҳаи Навобод ва сокинони ин деҳа бо усули “Хона ба хона” вохурӣ гузарониданд.
Мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Бодомов Назрулло бо табибон оиди дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат ёдрас гардид ва ҳамагонро ба сабру таҳаммул ва сарҷамъиву мубориза бар зидди ин беморӣ даъват намуд. Имрӯз мо бояд дар чунин лазаҳои ҳассос муттаҳид бошем ва ба якдигар дасти ёрӣ дароз кунем. Ҳоло вазъи ҷаҳонӣ вобаста ба паҳн гардидани бемории сироятии коронавирус аз ҳамаи мо тақозо мекунад, ки дар масъалаи нигаҳдории беҳдошти фардиву ҷамъиятӣ ҷиддӣ бошем.
Ба се нафар кормандони бунгоҳи тиббии деҳаи Навобод либосҳои муҳофизатӣ аз ҳисоби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия кӯмак расонида шуд. Ба сокинони деҳаи Навобод муроҷиатномаи ҲХДТ оиди пешгирии бемории сироятии коронавирус ва ниқобҳои тиббию маводҳои антисептикӣ тақсим карда шуд.