БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЯК ВАҶАБ ХОКИ ЗАМИНИ ЗАРХЕЗАМОНРО БЕКОР НАМЕГУЗОРЕМ !

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Имрӯз бо мақсади бархӯрдор намудан ва пешгирии бемории  сироятии  коронавирус дар деҳаи Савдаи Ҷамоати деҳоти  Кангурт бо  усули  “Хона ба хона” мулоқоти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ва вакилони Маҷлиси вакилони ҷамоати деҳоти Кангурт  баргузор гардид.

Зимни  вохӯрӣ, нахуст суханро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид оғоз  намуда, иброз дошт, ки пешгирӣ аз табобат беҳтар буда, бояд кӯшиш ба  харҷ  дод то аз сироятёбӣ  ба бемории коронавирус пешгирӣ намоем ва ҳамзамон, оиди ҷалби сокинон  ҷиҳати зироаткорӣ, кишоварзӣ дар ҳар сотиқи замин, инчунин, вусъат бахшидан ба корҳои бунёдкорию ободгароӣ бахшида ба 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки   фаъолияти ҳизбӣ ибрози сухан  намуд. 

Дар анҷом ба иштирокчиён се намуд варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳо барои пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID–19 ва истифодаи  самараноки  заминҳои  кишоварзӣ тақсим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg