ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади дастгирӣ ва расонидани кӯмаки моддиву маънавии кормандони соҳаи тиб бо ташаббус ва дасгирии бевоситаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба кормандони беморхонаи марказии ноҳия, ки имрӯз бо як масъулияти дучанд ба бемории сироятии COVID-19 мубориза бурда истодаанд, сару либоси муҳофизатӣ тақдим карда шуд.
Масъулини Кумитаи Иҷроияи ноҳия ин иқдоми башардӯстона ва саривақтии роҳбарияти вилоятии ҳизбро хуб арзёбӣ намуда, дар оянда низ бобати ҳавасмандгардонии кормандони ин соҳа кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Дар навбати худ масъулини беморхонаи марказӣ барои дасгирии ҳизбиён дар самти пешгирии ин беморӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.