БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ҲИЗБИИ «ҶАВОНОН ПАРЧАМБАРДОРОНИ ОЯНДАИ ДАВЛАТ ВА МИЛЛАТАНД»

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи  Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав бо   мақсади ҷалби волонтёрон ва аъзои Ташкилоти Ҷамъияти Ҷавонони «Созандагони Ватан» ҷиҳати пурзӯр намудани  чорабиниҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирии паҳншавии коронавирус COVID-19  корҳои пешгирикунандаю  безараргардониро дар  деҳаю маҳаллаҳо, ташкилоту муассисаҳо ҳамарӯза ба  роҳ  монда истодаанд.

Бо мақсади расонидани маводҳои таблиғотӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ Аксияи  ҳизбӣ таҳти унвони «Ҷавонон – парчамбардорони ояндаи давлат ва  миллатанд» баргузор намуданд. Аъзои Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонони «Созандагони Ватан» ва ҷавонони фаъол-волонтёрони Кумитаи иҷроия ба сокинони  деҳаҳо  вохӯриҳо  гузаронида, ба онҳо варақаҳои  иттилоотӣ оид ба  пешгирии  бемории коронавирус ва ниқобҳои муҳофизатиро ройгон тақдим намуда истодаанд. Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории  коронавирус онҳо бо либосҳои махсус ва таҷҳизоти  техникӣ  роҳхои  даромад  ва  биною хонаҳои  истиқоматии сокинони деҳаю маҳаллаҳоро безарар гардонида истодаанд. Аксияи  мазкур бо ҷалби ҷавонон ва волонтёрони Кумитаи иҷроия дар деҳаи Арабхона  Ҷамоати деҳоти «Истиқлол» баргузор намуда, кучаву роҳҳо ва биноҳои  истиқоматии  сокинон  бо  маҳлули  гипохлориди  натрий безарар гардонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg