ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои таблиғу ташвиқу тарғиби истифодаи самараноки заминҳои наздихавлигӣ ва хоҷагӣ, гирифтани зиёда аз ду ҳосил аз замин ва барои тавсияи пешгирӣ аз бемории сироятии COVID-19 корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Гуломов С.Ч. дар байни аҳолии деҳаи Роҳати ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ба ҳар як нафар мӯҳтавои супоришҳои мақомотҳои болоиро расонида истодаанд.