БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРОНАВИРУС- ПАНДЕМИЯ?

АНДЕША. Паҳншавии бемории коронавирус дар ҷаҳон ҳамагонро ба таҳлука андохтааст. Коронавирус бемории сироятӣ буда, нишонаҳои аввалини он дар шаҳри Вухани давлати Чин моҳи декабри соли 2019 ба қайд гирифта шуда буд.

Дар бораи пайдоиши он ҳар гуна маълумотҳо мавҷуд аст. Дар асоси санаду далелҳои баъзе сарчашмаҳо ин вирус сунъӣ ва озмоишӣ мебошад ва озмоиши  он 5 сол қабл анҷом ёфтааст.

Яке аз онлайн – маҷаллаҳои муътабари илмӣ ”Нейча” дар шумораи соли 2015 менависад, ки дар натиҷаи омезиш додани сафедаи “SHC0 – 14” бо вируси “SARS” аз шуши кӯршапарак вируси наверо кашф мекунанд, ки таркибаш ба  “тоҷ” шабоҳат дорад. Ин вирус имрӯз бо номи COVID-19 машҳур аст, ки ба бани башар таҳдид менамояд.

Роҳҳои паҳншавии беморӣ қатрагӣ ва аз алоқаи наздик бо шахсони сироятёфта. Яъне он дар ҳолати сулфидан, бо даст салом намудан, атса задан, ба воситаи оби даҳон ба каси дигар мегузарад. Аз зарфу ашёи бемори гирифтори ин вирус истифода намудан, дастаи дар ва дигар ҳолатҳо ҳам сабаби сироят бо коронавирус мешавад. Иштирок дар ҷамъомадҳо, бо ҳузури одамони зиёд ва махсусан дар толорҳои хурд, сафар ба ҷойҳои дигар, ҳаракат дар воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ метавонад боиси гирифторӣ ба ин беморӣ гардад.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ бо дарназардошти суръати паҳншавии  бемории коронавирусро пандемия эълон кард. Бино ба шарҳи мутахассисон пандемия аз эпидемия ба он фарқ мекунад, ки эпидемия марбут ба як минтақа ва як шаҳр аст. Вале пандемия ҳамон замоне эълон мегардад, ки беморӣ зуд дар ҷаҳон паҳн шуда, аксарияти аҳолӣ дигар аз хатари он эмин набошанд. Коронавирус имрӯз ба як мушкилии умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

  Ягона ва беҳтарин роҳи  гирифтор нашудан ба ин беморӣ риояи тарзи ҳаёти солим аст. Чи тавре ишора шуд, коронавирус бо дастҳо ҳам мегузарад. Аз дасти олудаи одам, аз чашм, бинӣ ва даҳон сироят меёбад. Табибон тавсия медиҳанд, ки зуд – зуд дастҳоямонро шӯем. Дуруст шустани дастон ҳам хеле муҳим аст. Набудани маводи антисептикӣ набояд баҳона гардад. Табибон аз собуни сиёҳи ҷомашӯӣ истифода бурданро, ки таъсиру фоидааш барои нобуд кардани ҳар гуна вирусу микроб аз ҳар маводи дигар кам нест, тавсия медиҳанд.

Боварӣ дорем, ки мардуми бофарҳанги мо ҳама он дастуру тавсияҳое, ки аз тарафи кормандони соҳаи тиб оиди роҳҳои пешгирии бемории коронавирус аз тариқи телевизион, шабакаҳои иҷтимоӣ ва варақаҳои иттилоотӣ дода мешаванд, рӯи кор гирифта, бо риояи талаботҳои гигиенаи шахсӣ хатари ин вабои асрро паси сар менамоянд. 

Набиев Ш., мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg