БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ ДАР МАҲАЛ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус бо усули “хона ба хона” ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба самараноку оқилона истифодабарии ҳар як ваҷаб қитъаи замин бо сокинони деҳаи Қаҳрамони Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон вохӯрӣ баргузор намуданд.

Зимни вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар ноҳия Бодомов Назрулло ба сокинон роҳҳои пешгирӣ намудани бемориро фаҳмонд. Дар рафти суҳбатҳо диққати асосӣ ба пешгирии бемории, яъне риоя намудани гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ таъкид гардида, аз сокинони деҳа даъват ба амал оварда шуд, ки қоидаҳои тозагии шахсӣ, ҳавливу лавозимоти рӯзгорро қатъиян риоя намоянд.

Кормандони ҳизбӣ қайд карданд, ки заминҳои кишоварзие, ки аҳолӣ ихтиёр доранд, бояд самаранок истифода бурда, дар як сол зиёда аз се чор ҳосил ба даст оваранд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg