ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, махсусан, коронавируси COVID-19 ва ҳамзамон ба дарки сокинон расонидани аҳамияти самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Фархор бо усули «хона ба хона» бо сардорони оилаҳо сӯҳбатҳо баргузор намуданд.
Зимни суханронӣ масъулин оиди пешгирии бемории сироятии коронавирус иброз доштанд, ки гигиенаи шахсиро риоя кунанд, масъуният (имунитет)-и организми худро қавӣ нигоҳ доранд. Ҳамчунин дар бораи тез - тез шустани дастон бо собун, риояи ҳатмии дигар қоидаҳое, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавсия кардааст, ибрози андеша намуда, ба онҳо ниқобҳои тиббӣ, маводҳои безараргардонӣ ва варақа - таъкидҳо тақсим намуданд.
Инчунин, дар масъалаи самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ низ нотиқон тавсияҳо доданд.