ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тавассути ҳамкорӣ бо аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон соҳибкор Сафаров Раҷабалӣ дар деҳаҳои Фалҳобод, Дӯстӣ ва Қарақамиши Ҷамоати деҳоти Қарақамиш ба ниёзмандон маводҳои хӯрока (аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, помидор ва бодиринг) ба маблағи 4000 сомонӣ кӯмак расонида шуд. Инчунин, ба иштирокчиён се намуд варақаҳои иттилоотӣ оиди пешгирии бемории сироятии коронавирус ва истифодабарии самараноки заминҳои кишоварзӣ тақдим карда шуд.