ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар самти ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни ҷомеа ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ тибқи нақшаи кории хеш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Ҳамдилон” тариқи “хона ба хона” мулоқот доир намуда, ба истиқоматкунандагони маҳалла муроҷиатнома ва маҳлулҳои антисептикӣ тақдим карда шуд . Инчунин, оиди риояи гигиенаи шахсӣ, бе зарурат ба кӯча набаромадан, истифодаи ниқобҳо ва маҳлулҳои безараргардонӣ, масофаро байни атрофиён риоя намудан, назорат аз болои фарзандони ноболиғ таъкид карда шуд. Тарғибот дар ин самт идома дорад.