ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Ҳамдилон” корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус пурзур намуда, ба сокинон ниқобҳои тиббӣ ва муроҷиатномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро тақсим намуданд. Зимни иҷроиши амалҳо ба мардум боз оиди қоидаҳои бехатарӣ, яъне риоя намудан ба гигиенаи шахсӣ, бе зарурият ба кӯча набаромадан, дар бозору мағозаҳо масофаро нигоҳ доштан, бо дастфишурӣ салом накардан ва дар вақти худро бад ҳис кардан ва ё таби баланд доштан ҳатман ба духтури оилавиашон муроҷиат намудан тавсияҳо дода шуд.