
Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо максади таъмини пешгирии хатари бемории коронавирус гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав тибқи нақша-чорабиниҳои таҳиянамуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омилҳои пешгирикунандаи бемориро тибқи ахбори расмии сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар байни мардум ва кормандони ташкилоту муассисаҳо ҳаматарафа ба роҳ монда истодааст.
Ҷиҳати ба сокинони деҳаи Бешкент-1 фаҳмондани роҳҳои пешгирии бемории коронавирус гурӯҳи корӣ бо усули “хона ба хона” вохӯриҳо баргузор намуда, таъкид намуданд, ки қоидаҳои беҳдоштро дар хонадонашон нигоҳ доранд ва барои иҷрои варақаҳои тавсия ва таъкиди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро тақсим намуданд. Ёдовар намуданд, ки бештар ба гигиенаи шахсӣ риоя намуда, моҳияти худдорӣ кардан аз иштирок дар ҷойҳои серодам ва ҳар гуна ҷамъшавиҳои безаруратро фаҳмонида шуданд. Аз ҳар як нафар тақозо намуданд, ки ба риояи қоидаҳои ҳолатҳои санитариву беҳдоштии фардӣ ва ба муҳити атроф, хонаю кӯчаҳояшон пайваста диққат дода, ба саломатии худу пайвандон бомасъулият бошанд. Зеро сарчашмаи ҳамаи бемориҳои сироятӣ риоя накардани қоидаҳои беҳдошти фардӣ мебошад. Ба сокинони деҳа ба миқдори 80 адад ниқобҳои муҳофизатӣ барои пешгирии бемории коронавирус тақсим карда дода шуд
Инчунин, истифодаи дурусту оқилонаи ҳар як ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ, кишт ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ, бо аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати бекор намондани заминҳои дар ихтиёрашон бударо вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир ҳаматарафа фаҳмонда доданд. Ба сокинони деҳа барои безараргардонӣ ба миқдори 4 кг гипохлориди калсий ва 130 адад варақаҳои иттилоотӣ оиди истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ тақдим карда шуд.