БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикистони маҳбуби мо беҳтарин макони сайру саёҳат аст

Ҷ.БАЛХӢ. Корманди масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Почта»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин атрофи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ- ҳизби созандаву бунёдкорӣ ҷомеа, рушди ҳунарҳои мардумӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, тарбияи дурусти фарзандон дар рӯҳияи баланди ватандӯстона, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим  ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, огоҳонидани мардум аз хатарҳои ҷаҳони муосир, таъсис ҷойҳои корӣ дар хона ва ҷалби шахсони бекор ба касбу ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуданд.

Инчунин, дар рафти баргузории вохӯрӣ чанде аз иштирокчиён оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ карданд.

Дар охир  аз ҷониби масъулин ба ҷамъомадагон маводҳои таблиғотии ҳизбӣ дастрас карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg