БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ОММАФАҲМОНӢ ИДОМА ДОРАНД

МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ба 48-нафар истиқоматкунандагони кӯчаи А.Раҳимов ҷамоати шаҳраки Муъминобод оид ба пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус бо усули “хона ба хона” корҳои оммафаҳмонӣ баргузор карда шуда, ба иштирокчиён аз тарафи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия С. Мирзобаротзода ба миқдори 30 дона ниқобу маводҳои таблиғотӣ доир ба пешгирии бемории коронавирус дастрас карда шуд.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳия Ҳайдарзода Рамазон, инчунин, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар ноҳия Алишери Амрохон ва сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Хуршедҷони Холмурод иштирок ва сӯханронӣ намуда, иброз доштанд, ки барои пешгирии коронавирус гигиенаи шахсиро хатмӣ риояи намоянд ва дар вақти пайдо шудани нишонаҳои сироятёбӣ дарҳол ба духтури маҳалла муроҷиат намоянд, дар таҳлука наафтанд, ба ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ бовар накунанд.

Баргузории чунин чорабиниҳо дар деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия тибқи ҷадвал идома доранд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg