МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод дар ҳамкории КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод аз тарафи аъзои фаъоли ҳизб Амиров Ғаюр бо кормандони Кӯмаки аввалияи тиббии ноҳия оид ба пешгирии сироятёбӣ аз бемории Коронавирус ба миқдори 4-дона либосҳои муҳофизатӣ, 150-дона маводҳои антисептикӣ, 60-дона ниқоб ва маводҳои лозима, ҷамъ ба маблағи 2056-сомонӣ кӯмак карда шуд.
Дар вохӯрӣ раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия С.Мирзобаротзода, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Ҳайдарзода Рамазон ва муовини сардори Кумаки аввалияи тиббӣ Розиқов С. иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баргузории чунин чорабиниҳо дар деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия тибқи ҷадвал идома доранд.