БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН БА ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА САФАРБАР КАРДА ШУДАНД!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии гурӯҳи кории кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар деҳаи Эшонободи ҷамоати деҳоти «Гулистон» - и шаҳр бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус ва истифодабарии оқилонаи ҳар як ваҷаб қитъаи замин боздид бо усули “хона ба хона” бо истиқоматкунандагон доир гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Ватанзода Сайҷафар, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумита Суҳроб Валиев, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон Ибодуллоева Нуринисо иштирок ва оид ба мавзӯҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.

Вобаста ба дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар ҳудуди деҳаи Эшонободи ҷамоати деҳоти Гулистон корҳои таблиғотӣ ҷиҳати ба аҳолӣ фаҳмондани истифодаи дурусти қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои ёрирасон (президентӣ) ва деҳқонӣ бо мақсади таъмини ҳар як оила бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ, захира намудани маводҳои ғизоӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва тозагии шахсӣ ба роҳ монда, аз чониби масъулин таъкид гардид.

Бояд қайд намуд, ки зимни боздид аз заминҳои наздиҳавлигӣ муайян гардид, ки аллакай аҳолии деҳаи мазкур ба ҷамъоварии ҳосили картошка машғули коранд.

Дар ҷамъоварии ҳосили картошка сокинони деҳаи Эшонобод ба кор сафарбар карда шуданд. Барои он ки ҳосили картошка зери гармии офтоб намонад, ҳаракат мекунанд, ки онро тезтар ҷамъоварӣ намоянд.

Сипас, ба ҳар як сокини деҳа варақаҳои иттилоотӣ барои пешгирии бемориҳои сироятӣ тақсим карда шуданд.
 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg