БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН - НЕРӮИ БУЗУРГУ ОЯНДАСОЗ ВА ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Чи хеле ки ҳамагон огоҳ мебошем, қисми бештари аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад.

Масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва иштироки бевоситаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа яке аз масъалаҳои асосӣ дар Паёми ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ буда, ба ин мавзӯъ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимми давлатдорӣ ва манбаи асосии ташаккули захираҳои инсонии кишвар таваҷҷӯҳи доимӣ зоҳир мегардад.

Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, ки Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад” .

Ҷавонони лаёқатманду соҳибтахассус имрӯзҳо дар сохторҳои давлатӣ имкони хуби пешрафт ва дастёбӣ ба вазифаҳои роҳбариро дороянд. Ин аст, ки 35% кормандони вазорату идораҳои кишварро  ҷавонон ташкил медиҳанд.

Имрӯз барои мо ҷавонон дар чи самте набошад, дар ватани муқаддасамон бо номи Тоҷикистон тамоми шароитҳо муҳайё мебошаду мо ҷавонон аз ин шукргузорӣ мекунем. Воқеан, имрӯз мо ҷавонон дар як фазое зиндагонӣ мекунем, ки тинҷ ва амон мебошад, ки мо бояд ҷавонони даврони Истиқлолият ҷавобан ба ин ҳамарӯза бояд ки дониши сиёсии худро баланд карда, баҳри пешбурди имрӯзу фардои давлату миллат ва бо  амалҳои созандаамон барои боз ҳам пешрафту тараққиёти кишварамон  ҳаматарафа кӯшиш намоем.

Мо ҷавонони кишвар бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати роҳи интихобкардаи Пешвои муаззами миллатро дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст  дониста ҳамеша тамоми саъю кӯшишамонро барои ободонӣ, амният ва сарсабзу хуррам гаштани ватани маҳбубамон Тоҷикистони азиз равона мегардонем.

Шомалангова Миҷгона Саидқуловна, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg