КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи Солҳои таҳкими худшиносии миллӣ (2020-2021) Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи ноустувори ҷаҳони муосир дар шароити афзоиш ёфтани бемориҳои сироятӣ, ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва ба истифода даровардани заминҳои бекорхобида, дар шаҳри Кӯлоб корҳои амалӣ роҳандозӣ шуда истодаанд.
Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ҳамарӯза аз рафти корҳои кишоварзони ҳудуди шаҳри Кӯлоб дидан намуда, ба онҳо маслиҳатҳои муфид доданд.
Дар навбати худ заминдорон низ изҳор доштанд, ки барои оилаи худ ва ҳамзамон барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулотҳои тару тоза заминро самаранок ва дуруст истифода хоҳанд бурд.