КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи аксияи ҳизбии “Солимии миллат – бақои давлат”. Бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар якҷоягӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб дар хонаҳои истиқоматӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ корҳои тарғиботӣ гузаронида истодаанд.
Аксияи мазкур дар маҳаллаи “Ш.Шоҳин”-и шаҳри Кӯлоб доир гардида, ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус ба аҳолӣ хотиррасон намуда шуд, ки гигиенаи шахсиро риоя намуда, дастонашонро бо собун шӯянд, ашёҳои зуд-зуд истифодабарандаро дезинфексия кунанд, аз ҷойҳои серодам худро канора гирифта, ниқобҳои муҳофизатиро истифода баранд. Зимни баргузории аксия беш аз 400 адад варақаҳои иттилоотӣ ба аҳолӣ дастрас гардид.