КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади пешгирӣ аз сирояти коронавирус (COVID-19) дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гузаронида истодаанд.
Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳри Кӯлоб вобаста ба пешгирии бемории сироятии коронавирус маводҳои иттилоотӣ ба аҳолӣ дастрас гардида истодааст. Ин навбат дар назди бинои Амонатбонки шаҳри Кӯлоб аксия ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус гузаронида шуд. Дар рафти гузариши аксия ба аҳолӣ хотиррасон намуда шуд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, нақлиёт ва ҳангоми муошират бо шахсони дигар ҳатман ниқобро истифода бурда, фосилаи 1,5–2 метрро риоя намоянд.