ХУРОСОН. Дар маҳаллаи Куҳдомани ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон ва дигар шахсони расмӣ бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин оид ба сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он дар назди ҷамъомадагон суханронӣ намуданд.
Пас аз суханрониҳои масъулин чанде аз ҷамъомадагон нисбати сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фикру мулоҳизаронӣ намуда, иброз доштанд, ки мо мардуми шарафманди тоҷик сиёсати имрӯзаи Пешвои миллат якдилона дастгирӣ менамоем.
Дар охири вохӯрӣ бо дастгирии сокинони маҳалла дар маҳаллаи номбурда ташкилоти ибтидои ҳизбӣ бо номи «Кӯҳдоман» таъсис дода шуда, Хилватов Тоштемир раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардид.