
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Имрӯз субҳи барвақт кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ба хотири расонидани маводҳои таблиғотӣ ба бозори ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён рафта, ба сокинон маводҳои таблиғотии ҳизбӣ оид ба роҳҳои муҳофизат аз коронавирус ва нишонаҳои коронавирус тақсим карда шуданд.
Ҳамзамон, барои нигоҳ доштани нарху наво дар бозор ва дастрасии аҳолӣ ба маводҳои хӯрока бо нархҳои дастрас дар бозор бо соҳибкорон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.