БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУД ВА НАЗДИКОНАТОНРО ЭҲТИЁТ НАМОЕД!

ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноњияи Вахш миёни сокинони маҳаллањои љамоатњои шањраку дењоти ноњия њамарўза корњои тарѓиботию ташвиќотї доир карда  истодааст. Вохӯрии навбатӣ дар Ҷамоати деҳоти Рӯдакї дењоти Шар-Шар баргузор гардид. Дар вохӯрӣ мудири Шубаи таблиѓот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва мудири Шуъбаи кор бо занон иштирок доштанд.

Бинобар сабаби хуруљи ин вирус мо бо љонишини раиси ташкилоти њизбии ШАР-ШАР њамсуњбат шуда, қайд намудем, ки ҳар як шахсро зарур аст, то ба ҳар гуна овозаҳои беасосу бардурӯғ бовар накарда, барои пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ ба гигиенаи шахсӣ ва тозагии маҳал риоя намоянд ва аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба сокинони мањал ниќобњои муњофизатии чандкарата дастрас карда шуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ оид ба истифода намудани ҳар порча замин тавсияҳо пешниҳод гардида, қайд карда шуд, ки истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ташкили кишти зироатҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳосили баланд ва захираи он ба манфиати халқ мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg