БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Солимии мо дар дасти ҳар яки мост!

ЛЕВАКАНТ. Бо мақсади тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ, таъсис додани ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо сокинони кӯчаи Мирзо Турсунзодаи  шаҳр вохӯрӣ баргузор намуданд.

Дар ин вохӯрӣ масъулин сараввал  ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, оид ба баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, риояи қонунҳои миллӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда,  бо пешниҳоди сокинони кӯчаи мазкур ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  бо номи «Ваҳдат» таъсис дода шуд.

Инчунин,  бо дастгирии сокинон Одинаев Сайдалӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии  навтаъсис интихоб гардид.

Дар охир ба иштирокчиён маводҳои таблиғотии ҳизбӣ дастрас карда шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg