БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Имрӯз гурӯҳи волонтёрони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ба фаъолияти худ дар самти бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирӣ аз интиқол ва сирятёбии бемории коронавирус идома дода, дар даромадгоҳи муассисаву корхонаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятии шаҳри Бохтар лавҳаҳо ва варақаҳои иттилоотӣ насб ва тақсим намуданд.