А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар якҷоя бо аъзоёни фаъоли ҳизбӣ –кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар кӯчаи марказии Ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ ва бозорҳои ноҳия, ки ҷамъшавии сокинон аз ҳудуди ноҳия дида мешавад, корҳои фаҳмондадиҳиро оиди тадбиру чораҳои пешгирикунандаи бемории сироятии коронавируси COVID-19 ба роҳ монда, ба онҳо аз ҷониби масъулину фаъолон расму варақаҳои иттилоотӣ оиди пешгирии бемории сироятӣ ва ниқобҳои тиббӣ тақсим карда дода шуд.
Ин иқдоми кормандону фаъолони ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамарӯза бо мардум ва табақаҳои гуногуни ҷомеа роҳандозӣ мегардад.