БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРОНАВИРУС ДАСТАКИ СИЁСИИ МУХОЛИФИН БА ХОТИРИ БАРҚАРОР НАМУДАНИ ОБРӮИ РЕХТА

ВОКУНИШ. Њамагон медонем, ки пањншавии бемории коронавирус дар тамоми љањон мардумро ба тањлука андохта, бобати нигоњдории солимии љомеа давлатњо дар пушти дарёфти роњњои афзалиятноки табобати сокинони худ гардидаанд. Тибќи тањлилњо, раванди пањншавии ин беморї дар сайёра коњиш ёфта, рўз аз рўз мардум ба њаёти муќаррарї бармегарданд. Аммо эњсос мешавад, ки гурўњњои бадхоњу бадтиннати тољик дар хориљ аз мамлакат аз коњиш ёфтани ин беморї њавасманд нестанд, балки ин вабои асрро њамчун бренд ба хотири пиёдасозии сиёсатњои ѓаразноки гурўњии худ истифода бурдан мехоњанд. Агар дигар халќу миллатњо баъди афзоиш ва пањншавии ин бемории фарогир дар атрофи давлату њукуматњо сарљамъиро ихтиёр намуданд, гурўњњои манфиатљўи асолатбохтаи тољик дар хориљ аз кишвар, бахусус, дар давлатњои аврупої даст ба тарѓиби љангу хушунат ва мубориза бар зидди њукумати ќонунї заданд, ки ин амали онњо бори дигар чењраи касифу разилона ва бадхоњии онњоро зидди халќу давлат ба таври воќеї нишон дод.

Тасаввур кунед, ки дар моњи мубораки Рамазон, ки тамоми мардуми мусулмон дар фикри ибодату сарљамъї ва бахшоиши гуноњи якдигар буданд, афроди ба ном дингаро, ки имрўз динро ба сиёсат табдил додаанд, аз фармудањои Худою Расул на ин ки риоя кардан, балки мардумро дар ин моњи шариф ба љангу хушунат таблиѓ намуданд, ки ин амали онњо мусулмонии онњоро зери суол мебарад.

Муњиддин Кабирї ба ном роњбари паймони миллї ва раиси њизби мамнуи нањзати ислом дар баромади худ атрофи пањншавии бемории пандемияи коронавирус рўи рост аз эътиќоди динии мардуми Тољикистон истифода бурдан хоста, баъди арзагўии зиёд ќиёмро дар муќобили Њукумати конститутсионї роњњои расидан ба њадафњои шахсию гурўњии худ медонад. Номбурда фикр намекунад, ки бо чанд нафар атрофиёнаш, ки барои онњо номи муќаддаси Ватан-Модар дигар арзиш надорад, иродаи сиёсии мардумро дигар карда наметавонад. Ин мардум дигар мардуми солњои 90-уми асри гузашта нест, ки ба њар як таблиѓи авомфиребона даст ба хунрезию низоъ занад, балки аллакай дараљаи фањмиши сиёсию љањонбинии сиёсии ањолї хеле баланд рафтааст ва хубро аз бад,  сафедро аз сиёњ фарќ мекунад.

Барои ѓаразњои шахсию гурўњї шуда мардумро ба танури обу оташ афкандан камоли мардї нест, гарчанде ки мо кайњо медонем Кабирию њаводоронаш дигар рисолати мардию ватандорї надоранд.

Хосатан падидаи пањншавии бемории коронавирус танњо хоси Тољикистон нест ва ин масъаларо сиёсї кардан низ аз рўи одаму одамгарї набуду нест. Баръакс «оѓо»-и Кабирї хуб мебуд дар ростои доман пањн кардани ин беморї  барои миллат кореро рўи даст мегирифт, ки мардумро сарљамъ месохт. Вале, мусаллам аст, ки ин «сиёсатбозињо»-и «оѓо»-и Кабирї танњо љанги иттилоотї ба хотири шўронидани мардум асту халос. Ба аќидаи дигар, мардумро љанг андохтану давлату сармоя љамъ кардан вазифаи аслии ин гуна асолатбохтагон аст, ки мо ба њељ ваљњ ба чунин сиёсатбозї розї буда  наметавонем.

Дигар наметавон ба тафриќаю сиёсатбозї давлат сохт, мардум кору амалеро ќабул медорад, ки барои бењбудии зиндагию рўзгораш мусоидаткунанда аст.

Њар ќадар Кабирию тарафдоронаш дар шабакањои иљтимої садо баланд мекунанд, њамон ќадар мардуми Тољикистон атрофи сиёсати давлат ва Њукумати кишвар сарљамъ мегарданд. Чунки мардум маќсаду мароми ин гурўњи бадхоњу ѓаразнокро барваќт дарк кардааст.

Ќосимова Сайлигул, аъзои гурўњи вакилї дар Маљлиси вакилони халќи ноњияи Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg